Феврал 15, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи эҳтимоли кандашавии садди неругоҳи Роғун

Дар пайи афзоиши беш аз якунимбаробарии бориши барф ва имкони боло омадани оби рӯдхонаи Вахш дар фасли баҳор, бархе коршиносон дар бораи тахриби эҳтимолии садди дар ҳоли сохти неругоҳи Роғун ҳушдор додаанд.

Ба гузориши сайти Спутник, Александр Колесниченко, ки 15 сол дар сохти неругоҳи Роғун мушорикат дошта, гуфтааст, ки маъмулан соле ду то се бор бо оғози фасли гармо ва об шудани барфҳо, хатари афзоиши ҳаҷми оби рӯдхонаи Вахш дар маҳали сохти ин неругоҳ вуҷуд дорад, ки таҳдиде барои садди хокии дар ҳоли сохти он маҳсуб мешавад.

Ин муҳандиси рус афзуд: Мутахассисони ширкати италияии Impregilo s.p.a salini, ки соли гузашта дар муноқисаи байналмилалии такмили тарҳи неругоҳи Роғун баранда шуда ва сохти садди 335-метрии ин неругоҳро бар уҳда гирифтаанд, метавонанд то оғози тобистон бо расондани баландии садди ин неругоҳ ба 60 метр, заминаи ҷорӣ шудани селоб аз ду тунели аслиро фароҳам кунанд, то хатари тахриби эҳтимолии ин сад бартараф шавад.

Моҳи январи гузашта Ҷамшед Каримзода муовини аввали вазири дороии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки имсол барои идомаи сохти неругоҳи Роғун як миллиарду 700 миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд, ки 200 миллион сомонӣ камтар аз соли 2016 аст.

Акнун ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳазинаи сохти ин неругоҳ чашми умед ба кишварҳои арабии назири Арабистон ва Қатар духта аст.

Ҳарчанд ҳанӯз мушорикати ин ду кишвар дар такмили сохти ин неругоҳ қатъӣ нашуда аст.

Сохти неругоҳи барқи обии Роғун дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе аз 41 соли пеш оғоз шуд ва пас аз истиқлоли Тоҷикистон, ба иллати мухолифатҳои Узбакистон ва камбуди сармоя нотамом монд.

Ин неругоҳ бо 6 турбина ҳар як бо тавони тавлиди 600 мегаватт барқ ва садди 335-метрӣ бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ аст.

 

Барчасп