Феврал 15, 2017 13:05 Asia/Dushanbe
  • Заминларза дар шимоли Тоҷикистон

Зилзилаи шаби гузашта манотиқе аз шимоли Тоҷикистонро ларзонд.

Ба гузориши пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон, маркази ин заминларза, ки соати 19:46 дақиқаи дишаб ба вақти маҳаллӣ дар манотиқе аз шимоли Тоҷикистон эҳсос шуд, 214 километрии шаҳри Душанбе будааст. Шиддати ин зилзила 4 риштер эълом шудааст.

Гузоришҳо ҳокист ин зилзилаи 4-риштерӣ шаҳри Ботканди Қирғизистон ва се рустои ин минтақаро низ такон додааст. Ин зилзила талафоте надоштааст.

Муассисаи "Информ" вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ба тозагӣ Тоҷикистонро яке аз 10 кишвари зилзилахези ҷаҳон муаррифӣ намуд ва эълом кард, ки солона дар ин кишвар, беш аз се ҳазор заминларза ба вуқӯъ мепайвандад, вале бисёре аз онҳо эҳсос намешавад.

Мутахассисони ин муассиса тахмин мезананд, ки мумкин аст дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар кишварҳоии Осиёи Марказӣ дар солҳои оянда, зилзилаи шадиде ба вуқӯъ пайвандад, зеро заминларзаҳои шадид маъмулан дар ҳар 80 то 130 сол такрор мешаванд.

 

Барчасп