Феврал 16, 2017 10:08 Asia/Dushanbe
  • Нақши Русия дар таъмини амнияти Тоҷикистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон, ҳузури пойгоҳи низомии 201 артиши кишвараш дар атрофи Душанберо омили тазмини амнияти Тоҷикистон, дар баробари афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон унвон кардааст.

   Ба гузориши сойти Спутник,  Игор Лякин Фролов ин матлабро дар мизи гирди “дӯрнамои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон, иқтисод, амният ва умури башардӯстона”, дар шаҳри Душанбе иброз кардааст.

   Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои низомии Русия 600 афсари тоҷик машғули омӯзиши улуми низомӣ мебошанд ва ҳамасола дар пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон, беш аз 1000  мутахассис барои артиши ин кишвар омода карда мешавад. Ҳамчунин тайи 2,5 соли ахир Русия ба Оҷонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, 3 миллиону 400 ҳазор доллар кӯмак кардааст. Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, ҳамакнун дар донишгоҳҳои Русия беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик машғули омӯзиши улуми мухталиф мебошанд, ки ҳазинаи молии ононро ҳукумати Русия таъмин мекунад.

   Игор Лякин Фролов ҳаҷми муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистонро дар соли гузашта (2016) беш аз 1 миллиард доллар унвон кардааст, ки Маскав нахустин шарики тиҷории Душанбе дар миёни кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меояд.

  Дар ин мизи гирд, теъдоде аз коршиносони тоҷик ва рус яке аз иллатҳои бархе танишҳо дар равобити Русия ва Тоҷикистонро нақши мухарриби расонаҳои хабарии ду кишвар баршумурдаанд, ки бо истифода аз дидгоҳи матбуоти ғарбӣ, қасди эҷоди ихтилоф миёни Маскав ва Душанберо доранд.

Барчасп