Феврал 16, 2017 10:27 Asia/Dushanbe
  • Андоз аз роҳҳои Тоҷикистон лағв намешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки лағви дарёфти андоз аз роҳҳои ин кишвар, ки қарор буд бо ду сол таъхир иҷро шавад, ба таъвиқ меафтад.

   Ба гузориши сойти Азия плюс, мақомоти ин вазорат гуфтаанд, ки дар сурати лағви дарёфти андоз аз роҳҳои ин кишвар, буҷаи давлат бо касрии 360 миллион сомонӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

   Аз ин рӯ, иҷрои фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар соли 2014 барои лағви дарёфти андоз аз роҳҳои ин кишвар содир шуда буд, имсол низ ғайримумкин мебошад ва то як соли дигар ба таъвиқ меафтад.

   Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои низоми молияти сангин дар ҷаҳон ба ҳисоб меояд, ки шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бояд 12 навъ андози мухталиф бо дарсади боло пардохт кунанд. Зеро дар соли гузашта  (2016) мизони пардохти молиёти умда дар Тоҷикистон беш аз 62 дарсад будааст, ки яке аз болотарин шохиси молиётӣ дар ҷаҳон мебошад. Ин шохис дар Қазоқистон ва Қирғизистон 29 дарсад ва Узбакистон 38 дарсад эълом шудааст.

  Мизони болои андоз мӯҷиб шудааст, ки теъдоде аз ширкатҳои нафтии хориҷӣ ва ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳи фаъол дар Тоҷикистон, таҳдид ба қатъи фаъолияти хеш дар ин кишвар кунанд.

 

Барчасп