Феврал 16, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Аслов: Тоҷикистон ҷонибдори пайвастани Афғонистон ба СҲШ аст

Масоили густариш ва тақвияти равобити Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 16 феврал дар Душанбе зимни мулоқоти вузарои умури хориҷии ду кишвар баррасӣ шуд.

Сироҷидин Аслов  дар мулоқот бо Салоҳуддин Раббонӣ масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ кардааст.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи матбуотии муштарак бо ҳамтои афғони хеш гуфт, ки  дар чаҳорчӯби  тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ миёни ду кишвар ба даст омадааст, зарурати роҳандозии иқдомҳои муштарак ва тавсеаи пояи ҳуқуқии муносибатҳо ҷиҳати густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энержӣ, иртиботот, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва арсаҳои дигар  зарур аст. Сироҷиддин Аслов бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳо ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавиро муҳим донист. Ба гуфтаи ӯ,  дар ин росто ҳамчунин нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масоили иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим буда, рушди ҳамкории ноҳияҳо ва вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳим ҷиҳати тақвияти равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди ду кишвар мебошад. Инчунин Сироҷиддин Аслов гуфт, ки ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд, ки кишвараш тақвияти нақши нерӯҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию ифротгаро муҳим арзёбӣ менамояд. Аслов дар идомаи суҳбатҳои хеш ҳамкориҳои ду кишварро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ қаноатманд арзёбӣ карда гуфт, ки Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СҲШ иброз менамояд.

Дар навбати хеш Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Афғонистон низ ба тақвияти бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Тоҷикистон таъкид карда, дар ин росто бар аҳамияти амалисозии тарҳҳои муҳими минтақаӣ дар бахши ҳамлу нақл ва энержӣ ишора кард. Ба гуфтаи Салоҳиддин Раббонӣ, мавзӯи таъмини амният дар марзҳо аз масоили калидии ин музокирот буда, ҷониби Афғонистон итминон додааст, ки ҳеҷ гоҳ нахоҳад гузошт, то  аз қаламрави ин кишвар ба Тоҷикистон таҳдидоте сурат бигирад.

Бояд гуфт, Салоҳиддин Раббонӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, интизор  меравад, имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дидору мулоқот анҷом диҳад.