Феврал 16, 2017 16:25 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон барои қабули муаллимони эъзомии забони русӣ аз Русия ба ин кишвар омода аст.

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, ахиран, бо баёни ин матлаб афзуд, ки пешниҳоди қабули муаллимони забони русӣ дар Тоҷикистон борҳо аз сӯйи раисҷумҳур матраҳ шудааст ва интизор меравад, мавзӯи мазкур дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин - раисҷумҳури Русия ба Душанбе низ дубора матраҳ шавад. Худойбердӣ Холиқназарзода таъкид кард, ки давлати Душанбе барои тақвияти омӯзиши забони русӣ дар ин кишвар омодааст, ки масрафи будубош ва маоши муаллимони эъзомии русро ба Тоҷикистон  ба уҳда бигирад.

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон бо ишора ба ҳузури ҳудуди як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия гуфт, 70 дарсади ин муҳоҷирон аз манотиқи рустоии ин кишвар буда, забони русиро намедонанд. “Аз ин рӯ, мо ба тақвияти омӯзиши забони русӣ ниёз дорем, то ин қишри азим битавонанд аз ҳуқуқи хеш дар Русия дифоъ кунанд”, афзуд ӯ.

Гуфтанист, дар охири соли 2016 низ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси Маҷмааи парлумонии ИДМ аз мувофиқати Ҳукумати Русия барои эъзоми муаллимони забони русӣ ба Тоҷикистон дар соли оянда хабар дода буд. Аммо дар бораи ин ки чӣ теъдод муаллими забони русӣ ба Тоҷикистон эъзом хоҳанд шуд, ӯ оморе ироа накард.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2000 то кунун борҳо мавзӯи зарурати эъзоми муаллимони забони русӣ аз Русия ба ин кишварро матраҳ мекунад, ки то ҳол Маскав ба ин дархост посухи равшан надодааст.