Феврал 17, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси намояндагон: Сулҳ дар Афғонистон калиди суботи минтақаӣ аст

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо вазири умури хориҷаи Афғонистон, барқарории сулҳ дар ин кишварро калиди аслии барқарории субот дар минтақа унвон кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз (ҷумъа) бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

Зуҳуров дар ин дидор бо таъкид ба ин ки Душанбе ҳамвора хостори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, афзуд: “Сулҳу оромиш дар Афғонистон калиди аслии барқарории субот дар сартосари минтақа аст”.

Вай дар идома бо ёдоварӣ аз нақши калидии Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, ду шахсияти торихии Афғонистон дар барқарории сулҳ байни тоҷикон, афзуд: “Ин ду шахсияти бузург дар солҳое, ки Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ буд, кумаки зиёде ба ин кишвар дар заминаи барқарории сулҳ карданд”.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир 6 пули бузург байни Тоҷикистону Афғонистон сохта шуда то ҳамлу нақли колову тараддуди шаҳрвандони ду кишварро осон кунад.

Тарафайн дар ин дидор ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар заминаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳамлу нақлӣ байни ду кишвар, аз ҷумла иҷрои ҳарчӣ зудтари сохти роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, пружаи КАСА-1000 ва хатти лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон таъкид карданд.

Зуҳуров ва Раббонӣ таъкид карданд, Тоҷикистону Афғонистон ҳамкории дуҷониба дар ҳифзи суботу амният дар манотиқи марзии муштарак, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз терроризму ифротгароиро идома хоҳанд дод .

 Дар поёни ин дидор, вазири умури хориҷаи Афғонистон аз ҳимояту пуштибонии мудовими Тоҷикистон аз мавқеияти Кобул дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ изҳори ризоият кард.