Раҳмону Путин дар Душанбе чӣ хоҳанд гуфт?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13554-Раҳмону_Путин_дар_Душанбе_чӣ_хоҳанд_гуфт
Пойгоҳи ҳавоии “Айнӣ”, афви муҳоҷирони тоҷик ва пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё меҳвари музокироти раисҷумҳурҳои Русия ва Тоҷикистон дар 28-уми феврал дар Душанбе хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 18, 2017 10:22 Asia/Dushanbe
  • Раҳмону Путин дар Душанбе чӣ хоҳанд гуфт?

Пойгоҳи ҳавоии “Айнӣ”, афви муҳоҷирони тоҷик ва пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё меҳвари музокироти раисҷумҳурҳои Русия ва Тоҷикистон дар 28-уми феврал дар Душанбе хоҳад буд.

Ба гузориши сойти “Caa-network”, коршиносон муътақиданд, бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи Русия ва Ҳинд бар сари истифода аз пойгоҳи ҳавоии “Айнӣ” ин мавзӯъ дар дидори Раҳмону Путин матраҳ хоҳад дошт.

Русия бо истиқрори ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳои низомии артиши худ дар пойгоҳи ҳавоии “Айнӣ”, дар 15-километрии ғарби Душанбе эълом кардааст, ки аз ин маркази низомӣ барои омӯзиши нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон ва ҳимоят аз ҳарими ин кишвар дар баробари таҷовузи хориҷӣ истифода хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҳинд дар солҳои 2000-ум бо бозсозии ин пойгоҳи ҳавоӣ қасди истифода аз ин марказро дошт, ки бо мухолифати Маскав рӯ ба рӯ шуд. Ҳамчунин мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон аз раисҷумҳури Русия дархости афви беш аз 370 ҳазор нафар аз муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро доранд, ки вуруди дубораи онон ба қаламрави Русия барои 5 сол мамнӯъ шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, дар дидори Путин бо мақомоти тоҷик дар Душанбе ҳамчунин дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки тарҳи муҳими Русия барои ҳамгароии минтақаӣ дар қаламрави пасошӯравӣ аст, баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Ин нуҳумин сафари Путин ба Тоҷикистон дар 17 соли ахир аст.