Дар Тоҷикистон доллар камёфт шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13556-Дар_Тоҷикистон_доллар_камёфт_шуд
Доллар дар бозори арзи Тоҷикистон камёфт ва гарон шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 18, 2017 07:07 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон доллар камёфт шуд

Доллар дар бозори арзи Тоҷикистон камёфт ва гарон шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азиа плюс”, фурӯши доллар дар бонк ва марказҳои молии Тоҷикистон, ахиран, ба шиддат коҳиш ёфтааст ва кормандони ин ниҳодҳо аз набудани доллар хабар медиҳанд.

Бонку марказҳои молии Тоҷикистон иллати коҳиши муомилоти арзиро набудани доллар унвон мекунанд. Муштариёни бонкҳои Тоҷикистон гуфтаанд, бо вуҷуди ин ки пасандози онҳо дар бонкҳо бо доллар нигаҳдорӣ мешавад, онон ин рӯзҳо маҷбуранд, ки маблағи мавриди ниёзи худро бо сомонӣ дарёфт кунанд.

Набудани доллар дар бонк ва марказҳои молии Тоҷикистон қимати ин арзи хориҷиро ба беш аз 8 сомонӣ расондааст. Ҳол он ки дар авохири январ ва аввалҳои феврал як доллар дар баробари 7 сомонию 90 дирам-7 сомонию 93 дирам хариду фурӯш мешуд. Қаблан иқтисоддонони тоҷик дар бораи эҳтимоли афзоиши арзиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода, иллати онро коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия эълом карда буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2016 ба ин сӯ ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати арзҳои хориҷӣ ва коҳиши арзиши сомонӣ саррофиҳоро таътил ва муомилоти арзиро танҳо дар бонк ва марказҳои молии ин кишвар иҷозат дод.

 Бонки марказии Тоҷикистон низ ҳамвора ҳушдор медиҳад, ки ҳар гуна амалиёти бонкии хориҷ аз дафтарҳои расмии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хадамоти бонкӣ, марказҳои интиқоли пул ва худпурдозҳо мамнӯъ аст ва риоят накардани ин муқаррарот қонуншиканӣ ва қобили пайгард мебошад.