Таъсиси нахустин китобхонаи сарироҳӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13568-Таъсиси_нахустин_китобхонаи_сарироҳӣ_дар_Тоҷикистон
Нахустин китобхонаи умумии сарироҳӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз ба кор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 18, 2017 10:53 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси нахустин китобхонаи сарироҳӣ дар Тоҷикистон

Нахустин китобхонаи умумии сарироҳӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, ин китобхона дар хиёбони Ситораҳои Хуҷанд таъсис ёфтааст.

Суҳроб Ниёзов, узви ташкилоти “Соҳибкорони шимоли Тоҷикистон” гуфтааст, ин нахустин китобхонаи сарироҳӣ дар саросари Тоҷикистон аст ва дар сурати истиқболи мардум ин тарҳ дар манотиқи дигаре низ иҷро хоҳад шуд. Ниёзов афзуд, китобхонаҳои сарироҳӣ дар парку хиёбонҳо ва маконҳои тафреҳӣ бо ҳадафи баҳрабардории мардум аз китоб эҷод мешавад.

Шаҳрвандон иҷоза надоранд, аз ин гуна китобхона китобро гирифта ба хона баранд.