Феврал 19, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Кӯчондани 200 хонаводаи сокинони шаҳри Хоруғ ба минтақаҳо амн

Дар пайи афзоиши бориши барф ва эҳтимоли фаромадани тарма, мақомоти вилояти Бадахшон иқдом ба кӯчондани 200 хонавода аз сокинони шаҳри Хоруғ маркази ин минтақа, ба маконҳои амн кардаанд.

Ба гузориши сойти "Livingasia.online", Умед Тӯтишоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Хоруғ, бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз осебҳои эҳтимолии фаромадани тарма, ин афрод аз 3 маҳаллаи шаҳри Хоруғ ба мадорис ва марокизи фарҳангӣ ва манозили маскунии наздиконишон мунтақил шудаанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар пайи бориши барфи зиёд тайи рӯзҳои гузашта, боми 25 манзили маскунӣ дар шаҳри Хоруғ хароб шуда ва консулгарии Афғонистон дар ин шаҳр низ аз эҳтимоли фаромадани тарма ба таври муваққат фаъолияти худро қатъ кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлати ҳолатҳои фавқулодаи ​Тайи як моҳи охир бар асари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон 13 нафар ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ки танҳо дар моҳи январи имсол дар кишвар ҳудуди 250 тарма фаромадааст. Аз ҷумла, 152 ҳолат дар Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа, 22 ҳолат дар Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб сабт шудаанд.

Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон низ дар иттилоияе аз афзоиши 170 дарсадии бориши барф дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар дар муқоиса бо соли қабл хабар додааст, ки дар сурати гарм шудани ҳаво эҳтимоли туғёни рӯдхонаҳо ва обхезӣ дар ин ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.