Феврал 19, 2017 11:03 Asia/Dushanbe
  • Баррасии равобити Русия ва Тоҷикистон дар Хуҷанд

Ҳамоиши байналмилалии “дӯрнамои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон, иқтисод, амният ва умури башардӯстона” дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бо мушорикати коршиносони рус ва тоҷик баргузор гардид.

Ба гузориши сойти Спутник, дар ин ҳамоиш, ки дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, коршиносон ва таҳлилгарони Русия ва Тоҷикистон бо арзёбии муносиботи ду кишвар, тайи 25 соли ахир дар бораи густариши равобити дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.

Хонум Мария Лопенко-мудири маркази пажӯҳишии “Евразия – поволже” бо ишора ба 25 сол барқарории равобити сиёсӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамгароии минтақаӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи иҷтимоии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, афзоиши саҳмияи омӯзишии донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар, эъзоми муаллимони забони русӣ ва афзоиши теъдоди мадориси русӣ дар Тоҷикистонро аз муҳиммтарин меҳварҳои равобити ду кишвар унвон кард. Сергей Рекида- мудири маркази пажӯҳишии Донишгоҳи Ломоносови Маскав низ дар ин ҳамоиш таъкид кардааст, ки ҳаҷми муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2016, беш аз 1 миллиард доллар будааст, ки Маскав нахустин шарики тиҷории Душанбе дар миёни кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меояд. Ҳамчунин Русия тайи солҳои ахир дар иқтисоди Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Анвар Мақсудов, раиси Донишгоҳи Хуҷанд низ дар ин нишаст бо ишора ба имзои беш аз 230 созишномаи ҳамкорӣ, миёни Русия ва Тоҷикистон тайи 25 соли ахир, равобити ду кишварро роҳбурдӣ унвон кард ва хостори ҳамкории бештари Маскав ва Душанбе дар заминаҳои омӯзишӣ ва табодули устод ва донишҷӯ дар байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон шуд.