Чойхонаи “Роҳат”-и Тоҷикистон камназиртарин чойхонаи ҷаҳон + аксҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13622-Чойхонаи_Роҳат_и_Тоҷикистон_камназиртарин_чойхонаи_ҷаҳон_аксҳо
Чойхонаи “Роҳат”-и шаҳри Душанбе бо меъмории хосу беназир ҷузви беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 19, 2017 15:50 Asia/Dushanbe
  • Чойхонаи “Роҳат”-и Тоҷикистон камназиртарин чойхонаи ҷаҳон + аксҳо

Чойхонаи “Роҳат”-и шаҳри Душанбе бо меъмории хосу беназир ҷузви беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

То замоне ки мардуми кишварҳои ҷаҳон пойбанди қаҳва нашуда буданд, чой танҳо василаи дилхушии мардум дар шаҳрҳо маҳсуб мешуд.

Дар ҳоле ки имрӯз қаҳва кам-кам ҷойи чойро мегирад, дар бархе кишварҳо ҳанӯз чой аввалин интихоб аст.

Чойхонаи Роҳат

Нигоҳе ба 11 чойхонаи бартари дунё нишон медиҳад, ки ҳамчунон чой дар саросари ҷаҳон ҷойгоҳи вижае дорад ва чойхонаи "Роҳат" дар шаҳри Душанбе яке аз беҳтарин чойхона миёни онҳост.

Чойхонаҳои мухталифе дар Тоҷикистон вуҷуд доранду мардони ин кишвар барои сӯҳбатҳои рӯзонаву барпоии давриҳамиҳои дӯстона чойхонаро интихоб мекунанд.

Чойхонаи “Роҳат” воқеъ дар шаҳри Душанбе, бо нақшу нигори зебои худ яке аз беҳтарин маконҳо барои нишастану нӯшидани чой ва тамошо кардани манзараҳои беназири ин шаҳр мебошад.

Мардуми маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон нӯшидани чой, ҳамроҳ бо ғизоҳои тоҷикие назири кабобу шашликро дӯст доранд.

Чойхонаи Роҳат

Чойхонаи “Роҳат” 5 даҳа қабл бар асоси тарҳи Константин Терлетский,  меъмори рус ва Мирзораҳмат Олимов, устоди тоҷик сохта шудаву соли 1958 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Меъмории муосиру нақшҳои миллии тоҷикӣ, чойхонаи “Роҳат”-ро дар муддати кӯтоҳе ба яке аз маҳбубтарин маконҳои шаҳри Душанбе табдил додааст.

Чойхонаи Роҳат

Чӣ дар замони Шӯравии собиқ ва чӣ дар ҳоли ҳозир тақрибан ҳамаи меҳмонҳои хориҷии пойтахти Тоҷикистон саре ба Чойхона “Роҳат” мезананд.

Ба гуфтаи гардишгарон, сафар ба Душанбе ва як пиёла чою як коса лағмони Чойхонаи “Роҳат”-ро ҷузъи аслии сафар бояд шумурд. Дар ғайри ин сурат монанди сафар ба Порис ва надидани бурҷи Эйфел аст.

Чойхонаи Роҳат