Феврал 20, 2017 10:52 Asia/Dushanbe
  • Беруноварии ҷасади 3 корманди IRS аз зери тарма

Ширкати IRS – масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ҳалокати се кормандаш бар асари тармаро тасдиқ кард.

Ба иттилои сайти Ахбор, ҷасадҳои ин се нафарро нимаи дуюми рӯзи 19 феврал аз зери тарма дар километри 72-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд берун овардаанд.

Далер Абдулло, сухангӯи ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи асосии байни шимол ва маркази Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, ҳалокати се корманди ин ширкат дар зери тарма дар минтақаи Майхӯраро тасдиқ кард.

Далер Абдулло гуфт: "Мутаассифона, нимаи дуюми рӯз ҷасадҳои ин се нафарро берун оварданд. Ҳоло ҷасадҳоро барои гӯручӯб ба маҳалҳои зисташон фиристода истодаем. Яке аз қурбониён нафаре буд, ки ба онҷо маводи хӯрока мебурд. 4 корманди дигари ширкатро тавонистем зинда наҷот диҳем. Онҳо ҷароҳат бардоштаанд ва ҳоло таҳти табобат қарор доранд.”

Нимаи дуюми рӯзи 18 феврал як техникаи роҳтозакунии ширкати IRS бо 7 корманди ин ширкат дар километри 72-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд зери тарма монд. Рӯзи 18 феврал боз як корманди дигари ин ширкат низ дар ин шоҳроҳ зери тарма монда буд. Ин нафар ва 4 тан аз он гурӯҳи 7-нафараро худи корманди IRS тавонистанд зинда наҷот диҳанд, вале се корманди дигарро танҳо замоне пайдо кардаанд, ки алакай ҷон бохта буданд.

Тибқи охирин омор, теъдоди онҳое, ки дар паи резиши тарма дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд, ба 16 тан расид.

Ширкати IRS мегӯяд, имсол дар роҳи Душанбе – Хуҷанд ҳаҷми боришот назар ба меъёр 230 фоиз бештар шудааст ва аз 27 январ ба ин сӯ дар ин роҳ беш аз 850 тарма фаромадааст.