Феврал 20, 2017 14:43 Asia/Dushanbe
  • Шуруи амалиёт ба зидди Гулмурод Ҳалимов дар ғарби Мосул

Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ аз шурӯи амалиёт барои озод кардани ғарби Мосул аз ҷангиёни ДИИШ хабар дод. Фармондеҳии ҷангиёни ДИИШ дар ҳарду ҷабҳаи Мосулро полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов бар дӯш дорад.

Ба иттилои сайти Ахбор, сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ шоми 18 феврал дар паёми телевизиониаш гуфт, "нирӯҳои мо ба озод кардани мардум аз террори ДИИШ дар ғарби Мосул сар карданд.”

Бино ба гузоришҳои нашршуда, раҳбари ДИИШ Абӯбакри Бағдодӣ ахиран фармондеҳии ҳарду ҷабҳаи шарқӣ ва ғарбии Мосулро ба полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов супурдааст.

Як афсари амниятии Ироқ бидуни бурдани ном ба нашрияи туркии "Takvim” гуфтааст, "Гулмурод Ҳалимов ибтидо фармондеҳии ҷабҳаи шарқи Мосулро бар ӯҳда дошт ва ҳоло мо маълумот гирифтем, ки ҳоло фармондеҳии ҷабҳаи ғарбии шаҳрро низ ба ӯ супурдаанд. Гулмурод Ҳалимов дар рӯи купрӯки дарёи Даҷла ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифт, вале ӯ зоҳиран пеш аз анҷоми ин ҳамла тарки ин минтақа кардааст.”

Полковник Гулмурод Ҳалимови 41-сола, ки фармондеҳии ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бар дӯш дошт ва дар мактабҳои махсуси Русияву Амрико тамрини зиддитеррористӣ гирифта буд, моҳи апрели соли 2015 ба таври мармуз аз Душанбе ғайб зад. Дар моҳи майи соли 2015 дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки дар он Гулмурод Ҳалимов аз фирораш ба Сурия ва пайвастанаш ба сафи созмони ифротии ДИИШ хабар дод ва ҳукумати Тоҷикистонро барои сиёсати, ба ақидаи ӯ, зидди дини Ислом ба боди интиқод кашид.

Ба дунбол, мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки алайҳи ин афсари дар гузашта баландпояи милиса бо иттиҳоми "зархаридӣ” парвандаи ҷиноӣ кушода ва Ҳалимовро аз тариқи Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

 

 

Барчасп