Баста шудани 10 масҷид дар ноҳияи Исфара
(last modified Tue, 21 Feb 2017 05:16:39 GMT )
Феврал 21, 2017 10:16 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани 10 масҷид дар ноҳияи Исфара

Мақомоти Шӯрои ҷамоат (фармондорӣ)-и Чоркӯҳ, дар ноҳияи Исфара, дар вилояти Суғди Тоҷикистон, 10 масҷид дар ин минтақаро таътил карданд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, имомони ин масҷидҳо эълом кардаанд, ки барои бастани ин марказҳои ибодӣ аз онон хоста шудааст, ки бо навиштани дархости катбии довталабонаи мамнуияти иқомаи намоз дар ин масоҷидро эълом кунанд.

Дар ин дархост таъкид шудааст, ки ба далели наздик будани ин масоҷид ба якдигар ниёзе ба фаъолияти ин марокизи ибодӣ несту намозгузорон бояд барои иқомаи намоз ба масоҷиди бузургтар бираванд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷамоати Чоркӯҳ 50 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд ва акнун намозгузорони ин 10 масҷиди басташуда барои иқомаи намоз маҷбуранд масофати зиёдеро бипаймоянд.

Мақомоти маҳаллӣ муддаиянд, ки дар қаламрави ҷамоати Чоркӯҳ дар ноҳияи Исфара бо баста шудани ин 10 масҷид, 3 масҷиди ҷомеъ ва 26 масҷиди панҷвақта фаъол ҳастанд, ки барои аъмоли ибодии мардум кофӣ аст.

Аммо коршиносон ин иқдомро идомаи сиёсатситезӣ бо масоҷид унвон мекунанд, ки дар солҳои ахир дар Тоҷикистон ташдид шудааст. Зеро тайи ду-се соли ахир дар ин кишвар ҳазорон масҷид ба баҳонаи надоштани асноду мадорики расмӣ барои фаъолият, баставу тағйири корбарӣ дода шудаанд.

Танҳо дар вилояти Суғд тайи солҳои ахир ба бастани беш аз 100 масҷид иқдом шудаасту теъдоде аз ин марокизи ибодӣ ба дармонгоҳҳо, толорҳои варзишӣ ва марокизи саргармӣ табдил дода шудаанд.