Хатари гарду ғубор барои муҳити зисти Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13678-Хатари_гарду_ғубор_барои_муҳити_зисти_Тоҷикистон
Донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар бораи паёмадҳои афзоиши резгардҳо (гарду ғубор) барои муҳити зисти ин кишвар, ки аз Афғонистон вориди ин ҷумҳурӣ мешаванд, ҳушдор додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 21, 2017 07:09 Asia/Dushanbe
  • Хатари гарду ғубор барои муҳити зисти Тоҷикистон

Донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар бораи паёмадҳои афзоиши резгардҳо (гарду ғубор) барои муҳити зисти ин кишвар, ки аз Афғонистон вориди ин ҷумҳурӣ мешаванд, ҳушдор додаанд.

Ба гузориши сайти “livingasia.online”, Сабур Абдуллоев, мудири озмоишгоҳи муҳити зист дар Пажӯҳишгоҳи физикаи ин ниҳод, ки 40 соли ҳаёти худро барои таҳқиқи ҳаводиси табиӣ сарф карда, аз афзоиши 10 баробарии вуруди гарду ғубор ба Тоҷикистон тайи 30 соли ахир хабар додааст.

Вай гуфт, дар даҳаи 1990 солона 2 то 3 маврид вуруди гарду ғубор ба Тоҷикистон мушоҳида мешуд, аммо акнун 35 бор дар сол бо ин падида рӯбарӯ ҳастем. Ин гарду ғуборҳо ҳазорон километр дуртар аз Тоҷикистон дар кишварҳои арабии Ховари миёна падид меоянд ва аз қаламрави Афғонистон вориди ин ҷумҳурӣ мешаванд, ки дар фасли тобистон манотиқи ҷанубии ин кишвар ва шаҳри Душанберо фаро мегиранд.

Аз дидгоҳи ӯ, аз ин гарду ғубор сокинони шаҳри Душанбе бештарин зиёнро мебинанд, зеро пойтахти Тоҷикистон дар муҳосираи кӯҳҳо воқеъ шудаву имкони хуруҷи ин гарду хок ба муддати тӯлонӣ вуҷуд надорад.

Сабур Абдуллоев муътақид аст, ки яке аз авомили афзоиши вуруди резгардҳо ба Тоҷикистон коҳиши масоҳати ҷангалҳо дар ҷануби ин кишвар аст, ки бар асари камбуди сӯхт мардум ба қатъи дарахтон иқдом кардаанд.

Ин донишманди тоҷик танҳо роҳи коҳиши паёмадҳои мухарриби резгардҳо ба муҳити зисти Тоҷикистонро афзоиши кишти дарахтон дар устони Хатлон, дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон медонад, ки барои ҷилавгирӣ аз вуруди гарду хок кӯмак мекунад.