Узвияти Тоҷикистон дар "Гурӯҳи чаҳорҷонибаи зидди терроризм"
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i1369-Узвияти_Тоҷикистон_дар_Гурӯҳи_чаҳорҷонибаи_зидди_терроризм
Тоҷикистон, Покистон, Чин ва Афғонистон "Гурӯҳи чаҳорҷонибаи зидди терроризм" ташкил доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 04, 2016 19:42 Asia/Dushanbe
  • Узвияти Тоҷикистон дар

Тоҷикистон, Покистон, Чин ва Афғонистон "Гурӯҳи чаҳорҷонибаи зидди терроризм" ташкил доданд.

Ба гузориши ИРНА, ин гурӯҳ дар чорчӯби нишасти раисони ситод ва фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Чин, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Урумчии маркази вилояти Уйғури Чин ташкил шуд.

Дар нишасти муштарак Эмомалӣ Собирзода -раиси Ситоди Нерӯҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо генерал Роҳил Шариф-фармондеҳи Артиши Покистон, генерал Feng Fengui-раиси Ситоди артиши Чин ва генерал Қадамшоҳ Шаҳим-раиси Ситоди артиши Афғонистон муқарар шуд, ҳамкорӣ ва таомул дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ба унвони аслитарин таҳдиди минтақа, меҳвари аслии фаъолиятҳои ин гурӯҳи чаҳорҷониба бошад.

Ҳар чаҳор тараф ҳамчунин мутааҳҳид шуданд, ки тамоми тавони худро барои эҷоди сулҳу сабот дар минтақа ва бавижа дар чаҳор кишвари узви ин гурӯҳ ба кор гиранд.

Табодули иттилоот, зарфиятсозӣ барои мубориза бо терроризм, баргузории тамринҳои муштараки низомӣ ва давраҳои омӯзишӣ дар ин замина аз дигар мавзуоти мавриди тавофуқи чаҳор кишвар буд.

Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Чин ҳамчунин  дар ташкили ин гурӯҳи чаҳорҷониба бар ҳифзи чорчӯби муқаррарот ва қавонини байналмилалӣ, аз ҷумла зарурати эҳтиром ба тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии кишварҳо ва мудохила накардан дар умури дохилии якдигар таъкид карданд.

Ҳадаф аз ташкили ин гурӯҳи ҷадид, ҷилавгирӣ аз рушди ифротгароӣ дар минтақа ва зуҳӯру густариши гурӯҳҳои террористӣ ва низ бозгардондани амният ва субот ба минтақа эълом шудааст.