Шаҳри Хоруғ ҳамчунон дар муҳосираи барф
(last modified Wed, 22 Feb 2017 05:22:02 GMT )
Феврал 22, 2017 10:22 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Хоруғ ҳамчунон дар муҳосираи барф

Шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз 4 ҳафта пеш дар муҳосираи барф ва тарма қарор дорад ва талоши роҳдорон барои боз намудани роҳи иртиботии заминии ин шаҳр бо хориҷ то ба ҳол ба ҷое нарсидааст.

Ба гузориши Азия-Плюс, Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон ва хонум Оробегим Моҳтобшоҳзода, шаҳрдори Хоруғ, ки барои сафари корӣ ба Душанбе омада буданд, дар бозгашт 4 рӯз дар роҳ монданд то дубора ба ин шаҳр бирсанд.

Ситоди кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон эълом кардааст, ки ба далели идомаи бориши барф ва резиш тарма, ки аз охирҳои моҳи январ оғоз шуда буд, талоши бевақфаи неруҳои имдод ва наҷот барои бозкушоии роҳи Душанбе –Хоруғ ва масирҳои дохилии ин минтақа аз 4 ҳафта пеш то кунун бенатиҷа мондааст.

Аз сӯи дигар Кишваршоҳ Наврӯзшоев, мудири идораи ҳавошиносии вилояти Бадахшон мизони боришҳои зимистони имсолро дар ин минтақа тайи 70 соли охир бесобиқа унвон кардааст.

Ба гуфтаи вай танҳо бориши барф дар рӯзи 16 феврал дар аксари манотиқи вилояти Бадахшон ба 98 сантиметр расида, ки сабаби баста шудани роҳҳои иртиботии дохилӣ ва масири Хоруғ – Душанбе шудааст.