Баррасии сохти неругоҳи барқи обии Шӯроб
Мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз баррасии тарҳи сохти неругоҳи барқи обии Шӯроб пас аз баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти неругоҳи Роғун дар 110-километрии шарқи Душанбе хабар доданд.
Ба гузориши Авесто, ин мақомот мегӯянд, чанд ширкати хориҷӣ мушорикат дар тарҳи неругоҳи барқи обии Шӯробро, ки бо зарфияти тавлиди ҳазор мегаватт барқ дар фосилаи 15 километр поинтар аз неругоҳи Роғун сохта хоҳад шуд, хостор шудаанд.
Баъзе аз таъсисоти зербиноии мавриди ниёзи ин неругоҳ, аз ҷумла роҳҳои иртиботӣ ва маҳали таъмини мавод сохти садди хокии он бо баландии 83 метр омода аст, аммо аз назари фаннӣ, то замони ба баҳрабардорӣ расидани марҳалаи нахусти сохти неругоҳи Роғун, оғози ҳамзамони сохти тарҳи неругоҳи барқи обии Шӯроб имконпазир нест, зеро ҳангоми сохти садди 335 метрии неругоҳи Роғун эҳтимоли пур шудани садди 83 метрии неругоҳи барқи обии Шӯроб аз гилу лой вуҷуд дорад.
Коршиносони умури энержӣ ҳазинаи сохти неругоҳи барқи обии Шӯробро 1 миллиард доллар баровард кардаанд.