Изҳори ҳамдардии Тоҷикистон ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13718-Изҳори_ҳамдардии_Тоҷикистон_ба_Русия
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамтои руси худ, Сергей Лавров номаи таслият фиристод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 22, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Изҳори ҳамдардии Тоҷикистон ба Русия

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамтои руси худ, Сергей Лавров номаи таслият фиристод.

Ба навиштаи сайти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов ба муносибати даргузашти Виталий Чуркин, намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ба ҳамтои руси худ, Сергей Лавров номаи таслият фиристод ва дар он, Чуркинро дипломати пурталош номид.

Дар ин нома омадааст: Ҷониби Тоҷикистон бо ғаму андӯҳи зиёд хабари даргузашти намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид Виталий Чуркинро дарёфт кард.

Сироҷиддин Аслов, ки солҳои зиёде бо Чуркин кор кардааст, ӯро дипломати ҳирфаӣ, пурталош ва инсоне бошахсият тавсиф кардааст.

Дар поёни ин нома, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо хонавода ва вобастагони Чуркин изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, Виталий Чуркин дар шаҳр Ню-Йорки Амрико бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Чуркин аз соли 2006 то замони марг, намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амният буд.