Феврал 22, 2017 14:24 Asia/Dushanbe
  • Дар Сангвори Тоҷикистон се хонавода зери тарма монд  

Дар пайи резиши тарма, дар деҳае дар ноҳияи Сангвори Тоҷикистон, се хонавода зери тарма гирифтор шуданд. Дар ин ҳодиса як кӯдак ҷон бохт ва 17 нафари дигар солим аз зери тарма берун бароварда шуданд.

Ба гузориши Авесто, резиши тарма шаби 18 ба 19 феврал дар деҳаи Калпи ҷамоати Ваҳдат дар 100-километрии маркази ин ноҳия рух дод, ки бар асари он, хатҳои телефон канда шуда ва имкони барқарории тамос телефонӣ вуҷуд надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, субҳи рӯзи чаҳоршанбе Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо як комиссияи давлатӣ бо чархбол озими ноҳияи Сангвор шудааст.

Умеда Юсуфова афзуд, танҳо баъд аз мушаххас кардани ҳаҷми зарарҳои ин ҳодиса, иттилооти дақиқро дар ин замина дар ихтиёри матбуот хоҳанд гузошт.

Дар се ҳафта охир манотиқи мухталифи кӯҳистонии Тоҷикистон дар пайи бориши барфи шадид бо резиши тарма рӯбарӯ шудаанд.

Манобеи расмӣ аз ҷон бохтани 16 нафар бар асари резиши тармаҳои ахир дар вилояти Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хабар додаанд.