Се сол зиндон барои барафроштани парчами гурӯҳи ДИИШ
(last modified 2017-02-23T08:23:32+00:00 )
Феврал 23, 2017 13:23 Asia/Dushanbe
  • Се сол зиндон барои барафроштани парчами гурӯҳи ДИИШ

Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, 3 сокини ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норакро ба иттиҳоми барафроштани парчами гурӯҳи террористии ДИИШ ба 3 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сойти Топ Тҷ, мақомоти додгоҳи вилояти Хатлон гуфтаанд, ки ин 3 нафар дар моҷарои барафроштани парчами гурӯҳи террористии ДИИШ муҷрим шинохта шуда ва ҳар як ба 3 сол зиндон маҳкум гардидаанд.

Ин мақомот мегӯянд, ки ин 3 ҷавон ба номҳои  Сайфиддин Азимов, Манучеҳр Ёров ва Иброҳим Мирзоев дар баҳори сол 2015, иқдом ба барафроштани парчами гурӯҳи террористии ДИИШ дар биландие, дар шаҳр Норак карда буданд, ки баъдан аз ин кор пушаймон шудаанд. Гуфта мешавад, ки арсеи маҳкумшудаҳо муҷаррад буда ва якеи онҳо дар нерӯгоҳи "Бойғозӣ" кор мекардааст. "Дувумӣ аз Русия ихроҷ шуда ва саввумӣ муваққатан бекор буд. Бар асоси гузориши мақомоти амниятии Тоҷикистон дар соли гузашта (2016), дар ин кишвар 3 маврид аз барафроштани парчами сиёҳи гурӯҳи террористи ДИИШ сабт шуда, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Шаҳритус иттифоқ афтода буд.

Афроди гумонбар дар ин ҳаводис боздошт ва ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки 1 ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд.