Феврал 23, 2017 14:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши пулҳои ирсолии муҳоҷирони тоҷик дар соли 2016

Муҳоҷирини кории тоҷик дар соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон 1.9 миллиард доллар ирсол карданд.

Ба гузориши сойти CA News, дар ҳоли ҳозир дар Русия беш аз 870 ҳазор шаҳрванди тоҷик фаъолият мекунанд.

Ин 1.9 миллиард доллар маблағи ирсолии муҳоҷирони тоҷик ба кишваршон, аз се як ҳисаи тавлиди нохолси дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.

Маблағи ирсолии муҳоҷирони кории тоҷик ба кишваршон дар сол 2016, нисбат ба соли пеш аз он, 700 миллион доллар зиёдатр аст.

Ин дар ҳоле аст, ки маблағи ирсолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба кишваршон дар сол 2015, 1 миллиарду 200 миллион доллар буд. Ин маблағ дар соли 2014 беш аз 4 миллиард долларро ташкил дода буд.