Феврал 25, 2017 15:22 Asia/Dushanbe
  • Тоҷпромбонк ва Фононбонк дар Тоҷикистон баста шуданд

Бонки Миллии Тоҷикистон ду бонки буҳронзадаи ин кишвар, Фононбонк ва Тоҷпромбонкро таътил кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон 24 феврал фаъолияти ду бонки ин кишвар Фононбонк ва Тоҷпромбонкро мутаваққиф кард.

Мавҷуда Ҳасанова сухангӯи Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтааст, агар пасандози муштарёни ин ду бонк то 17 ҳазору 500 сомонӣ бошад, аз ҳисоби хазинаи суғуртаи пасандозҳо пардохт мешавад ва дар сурате, ки аз ин маблағ бештар бошад, боқимондаи он марҳала ба марҳала аз ҳисоби фурӯши амволи ин ду бонки буҳронзада пардохт хоҳад шуд.

Дар пайи буҳрони молӣ дар Тоҷикистон, Фононбонк ва Тоҷпромбонк ҳамчун Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк дучори мушкилоти молӣ шуданд ва тавони бозпрдохти пасандозҳои муштарёнашонро аз даст доданд.

Дар моҳи декабри 2016 давлати Тоҷикистон барномаи наҷоти ин 4 бонки буҳронзадаро тасвиб кард, ки бар асоси он, аз ҳисоби давлат барои Тоҷиксодиротбонк, Агроивестбонк, Тоҷпромбонк ва Фононбонк дар маҷмӯъ 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ муодили ҳудуди 500 миллион доллар эътибор ихтисос ёфт.

Бо ин ҳол иқдоми ахири Бонки Миллии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аз ин 4 бонки буҳронзада дасти кам ду бонки Фононбонк ва Тоҷпромбонк натавонистаанд, бо вуҷуди 530 миллион сомонӣ кумаки давлат, мушкилоти худро ҳал кунанд.

 

Барчасп