Феврал 25, 2017 20:01 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Бонки Осиёии Рушд: Тоҷикистон барои содироти барқ ба Афғонистон барномарезӣ кунад

Бо таваҷҷӯҳ ба зарфияти тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ба Душанбе тавсия кард, барои интиқоли барқ ба Афғонистон барномарезӣ кунад.

Татяна Евстифеева- намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, зимни баррасии вазъи иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2016, гуфт, кишварҳои мазкур бояд, музокироти аз саргирии фаъолияти бозори энержӣ дар ин минтақаро идома диҳанд.

Вай идома дод, аз саргирии фаъолияти бозори энержии Осиёи Марказӣ ба далели камбуди нерӯи барқ дар Узбакистон ва Қирғизистон амре зарурӣ барои минтақа маҳсуб мешавад.

Татяна Евстифеева афзуд, бо таваҷҷуҳ ба зарфияти тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ба Душанбе тавсия мекунад, барои интиқоли барқ ба Афғонистон аз тариқи Туркманистон аз хутути ҷадид, барномаҳои лозимро сурат диҳад.

Суханони Евстифеева дар ҳоле аст, ки кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли 2014 қасд доштанд, барқи мозоди худро ба дигар кишварҳои минтақа бидуни убур аз хоки Узбакистон содир кунанд.

Ба эътиқоди коршиносон, Тоҷикистон имкони содироти бештари барқ, ба вижа дар фасли тобистон ба хориҷро дорад.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон барқ содир мекунад, чун Узбакистон аз шабакаи нерӯи барқи минтақа хориҷ шуд ва имкони интиқоли барқро аз хоки худ ба Қазоқистон, Туркманистон ва Русия маҳдуд кард.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Қирғизистон дар чорчӯб тарҳи  КАСА-1000, фаъолитҳоеро ҷиҳати интиқоли барқ ба Покистон ва Афғонистон оғоз кардаанд.

Ин проект, имкони интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ, ба хусус Афғонистон ва Покистонро фароҳам мекунад.