Феврал 26, 2017 10:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Узбакистон дар Душанбе

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Узбакистон дар Душанбе, дидор ва гуфтгӯ кард.

Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Сироҷидин Аслов ва сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Шоисламов дар Душанбе, роҷеъ ба авзоъи феълӣ ва зарурати густариши равобити ду кишвар баҳсу табодули назар шуд.

Ин дидор дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди интизороти зиёд аз беҳбӯди равобити ин ду кишвари ҳамсоя ва баргузории нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар авохири соли гузашта ( 2016) дар шаҳри Душанбе, ҳанӯз ҳам бархе аз тавофуқоти ду тараф дар заминаи аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Душанбе ва Тошканд, тасҳил дар эътои раводиди сафари  шарҳвандони ин ду ҷумҳурӣ ва бозгушоии гузаргоҳҳои марзӣ, иҷроӣ нашудааст.

Ахиран бо вуҷуди эъломи замони парвози расмии ҳавопаймои “Сомон эйр”  аз Душанбе ба Тошканд пас аз 25 сол вақфа, бо далоили номаълум ин сафар сурат нагирифт. Пеш аз ин дафтар матбуотии ширкати "Сомон эйр" ду рӯзро ба унвони таърихи парвоз аз Душанбе ба Тошканд эълом карда буд, ки ин парвоз анҷом нашуд. Мақомоти ширкати ҳавопаймоии Узбакистон ширкати "Сомон эйр" Тоҷикистонро муқассир медонанд ва иддао мекунанд, ки ин ширкат аснод ва мадорики мавриди ниёз барои дарёфти муҷаввизи парвоз аз Душанбе ба Тошкандро ба мавқеъ ироа накардааст.

Барчасп