Феврал 27, 2017 17:26 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои ордени Александр Невский аз тарафи Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар Қасри миллат мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия доир гашт.  

Ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, президентҳои ду кишвар дар оғози вохӯрӣ бори дигар ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия самимона шодбош гуфта, барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир карданд.

Боздиди расмии навбатии Владимир Путин ба Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз 25- солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат нишони олии таваҷҷуҳи бесобиқаи роҳбарияти сатҳи олии ин кишвар ба дурнамои муносибатҳои неку дӯстона ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Президенти Русия Владимир Путин президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия бо мукофоти олии Русия- Ордени Александр Невский сарфароз намуд.

Дар идомаи суҳбати самимӣ барои таҳкиму тавсеаи бештару хубтари муносибатҳои дӯстонаю стратегии Тоҷикистону Русия дар тамоми соҳаҳои мутақобилан манфиатбор изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмии комил баргузор гардид.

 

Барчасп