Феврал 28, 2017 11:08 Asia/Dushanbe
  • Имтиёзоти Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё

Як коршиноси масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон бо пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё имтиёзоти зиёде касб мекунад, ки эҳтимол хисороти молии аз ин ҳисоб расидаро ҷуброн хоҳад кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, профессор Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров бо баёни ин ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвоуОсиё молиёти гумрукӣ ҳазф ва хисороти молӣ ба ин кишвар ворид мешавад, гуфт: “Ин хисоротро метавон аз ҳисоби имтиёзоти эътошуда ба коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҷуброн кард”.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, ин кишвар дар сурати вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 300 миллион доллар аз ҳисоби ҳазфи молиёти гумрукӣ зарар хоҳад кард.

Ин коршиноси масоили иқтисодӣ афзуд, барои ҷуброни ин хисорат бояд Русия наздик ба 300 ҳазор коргари муҳоҷири ихроҷии Тоҷикистонро афв кунад, 600 ҳазор коргари муҳоҷир, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия фаъолият мекунанд, озодии амал дар интихоби шуғлро ба даст оваранд ва ба ҳар гуна таъқиб ва фишори идорот ва ниҳодҳои Русия ба коргарони муҳоҷир поён дода шавад.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров ҳамчунин бар баргузории давраҳои омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ барои коргарони ҷавони тоҷик ва таъмини бимаи дармонӣ, ҳуқуқи бознишастагӣ ва хадамоти иҷтимоӣ барои онон аз сӯйи Русия таъкид кард.

Ин коршиноси масоили иқтисодӣ афзуд, агар ин масоил ҳал ва Тоҷикистон аз имтиёзи вуруд ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар заминаи гумрукӣ, ҳаракати озодонаи нерӯи кор ва сармоя бархурдор шавад то соли 2020 мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба 10 миллиард доллар хоҳад расид.

Ба гуфтаи Умаров, ҳамгароии Тоҷикистон ва Русия дар қолаби Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё заминаи рушди бахши санъати ин кишвар, афзоиши тавлиди маҳсулоти ҷойгузини воридотӣ ва коҳиши мувозинаи манфии тиҷориро фароҳам хоҳад кард.

 

Барчасп