Путин: Ноамнии Афғонистон нигаронии муштараки Маскав ва Душанбе аст
(last modified Tue, 28 Feb 2017 07:12:04 GMT )
Феврал 28, 2017 12:12 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ноамнии Афғонистон нигаронии муштараки Маскав ва Душанбе аст

Раиси ҷумҳурии Русия идомаи ноамниҳо дар Афғонистон, густариши нуфузи гурӯҳҳои террористӣ ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар ин кишварро аз нигарониҳои муштараки Маскав ва Душанбе унвон кард.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, Владимир Путин дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои тоҷикистониаш Эмомалӣ Раҳмон афзуд, Маскав аз дастёбӣ ба оштии миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Раиси ҷумҳурии Русия Тоҷикистонро муттаҳиди қобили эътимод ва шарики роҳбурдии кишвараш тавсиф ва таъкид кард, Тоҷикистон барои ҳифзи амнияти минтақа низ кишваре калидӣ аст ва Русия бо истифода аз пойгоҳи низомиаш дар ин кишвар, ба ҳифзи амнияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ва низ амнияти марзҳои ҷанубии Русия кӯмак хоҳад кард.

 Путин ҳамчунин таъкид кард, ки Маскав дар пайи эҷоди шароити ҷадид барои тавсеа ва густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Душанбе аст.

Вай бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ байни Маскав ва Душанбе, аз таъсиси мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон хабар дод.

Раиси ҷумҳурии Русия ҳамчунин гуфт, ҳамакнун беш аз 21 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия машғул ба таҳсил ҳастанд, ки давлати Маскав ниме аз ононро таҳти ҳимояти молӣ қарор додааст.

Путин бо баёни ин ки Русия нахустин шарики тиҷории Тоҷикистон аст, тавсеаи ҳамкориҳои кишоварзӣ байни ду кишварро хостор шуд ва афзуд: “Роҳи оҳани Русия аз соли гузашта барои воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон нархномаҳои хосеро дар назар гирифтааст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор Русияро муҳимтарин шарики роҳбурдии кишвараш баршумурд ва гуфт: “Маскав ба унвони зомини иҷрои тавофуқномаи сулҳ дар Тоҷикистон нақши чашмгире дар таҳкими истиқлоли миллии ин кишвар ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он доштааст”.

Раиси ҷумҳурии Русия, ки дирӯз барои дидор бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе шуд, имрӯз Душанберо ба мақсади Бишкек тарк мекунад.

Путин дар сафар ба Душанбе, афзун бар имзои шаш санади ҳамкорӣ, нишони олии давлатии Русия ба номи Александр Невскийро ба Эмомалӣ Раҳмон эҳдо кард.