Маскаву Душанбе ба ҳам наздиктар мешаванд
Дар ҷараёни сафари кутоҳмуддат ва расмии раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон, Владимир Путин ва Эмомаӣ Раҳмон хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Маскав ва Душанбе шуданд.
Ба гуфтаи мақомоти Русия беш аз 200 ширкат дар ин кишвар хостори ҷалби маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонанд ва Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, ба мисли кишоварзӣ, нассоҷӣ, саноати кӯҳкорӣ ва энержи ба шумули нафту газ таъкид намуданд. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо ишора ба таъсири манфии буҳрони молии ҷаҳонӣ ва тағйири қиммати сухт афзуд ки ин буҳрон дар коҳиши муомилоти тиҷории байни Русияву Тоҷикистон низ асаргузор буда ва акнун Маскав дубора омодааст, ки сатҳи равобити тиҷории худ бо Тоҷикистонро иртиқо диҳад.
Сарфи назар аз ин мушкилот Владимир Путин Русияро бузургтарин кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон хонду афзуд: Ширкатҳои русӣ дар иқтисоди ин кишвар то кунун беш аз як милиарду 600 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.
Ҳамчунин ҷониби Русия омодагии худро барои интиқоли меваҳои тару тозаи Тоҷикистон ба Бозорҳои ин кишвар эълом кард.
Дар мавзӯи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ низ тарафҳо ба як қатор тавофуқот даст ёфтанд. Дар ин замина миёни вазоратхонаҳои кор ва шуғли аҳолии ду кишвар дар масъалаи танзими раванди муҳоҷират санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Рус дархост карданд, ки муҳоҷирони тоҷикистонии ихроҷшуда аз он кишварро афв кунад. Ба гуфтаи Игор Шувалов муовини нахуствазири Русия теъдоди муҳоҷирони ихроҷӣ аз Русия беш аз 200 ҳазор нафар ҳастанд ва Маскав ризоияти худро ҷиҳати ҳалли ин масъала эълом кардааст.Аммо Шувалов дар идома таъкид кард, ки муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия амали ҷиноӣ содир кардаанд, шомили ин тарҳ нахоҳанд шуд.
Ҳамчунин бар асоси пешниҳоди тарафи Тоҷикистон Русия барои тақвияти омузиши забони русӣ дар Тоҷикистон бо сармояи худ беш аз 20 мактаби русӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар бунёд карда ва мизони бурсияи таҳсилӣ барои донишҷуёни тоҷик дар он кишварро низ афзойиш хоҳад дод.
Дар ҳоли ҳозир филиали 3 Донишгоҳи олии Русия дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик низ дар донишгоҳҳои саросари Русия таҳсил мекунанд. Игор Шувалов –муовини нахуствазири Русия дар ин бора гуфт, ки Маскав дар буҷаи соли оянда барои сохти макотиби русӣ дар Тоҷикистон будҷа ихтисос медиҳад, аммо нигаҳдории ин мактабҳо дар оянда бар дӯши ҳукумати Душанбе хоҳад буд.
Гуфтанист Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни сафари давраии худ ба чанд кишвари Осиёи Марказӣ зуҳри рузи 27 феврал дар раъси як ҳайати баландпоя бо сафари расмӣ вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд. Раиси Ҷумҳури Русия дар ҷараёни ин сафар аз пойгоҳи низомии 201-и кишвараш дар Тоҷикистон низ боздид карда рузи 28 феврал Душанберо ба мақсади Бишкек тарк кард.