Феврал 28, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Иллати қатъи терминалҳои пардохти пул

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо нашри иттилоъномае гуфт, ки ширкатҳои молики терминалҳои пардохти пули телефон бар хилофи муқарароти қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи масрафкунандагон амал кардаанд.

Бар асоси иттилоияи расмии ин ниҳод  тибқи қарори марбутаи  ҲТ  дар мавриди «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи иртиботи барқӣ ва хадамоти вобаста ба он»,  ҳангоми пардохти  маблағ ба ҳисоби ширкатҳои мухобиротӣ аз ҳисоби муштариён набояд суд ситонида шавад.

Ин манба таъкид мекунад,  зимни санҷиш муайян шудааст, ки талаботи мазкур нақз шуда,  ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо аз 3 то 10 дар сад  аз ҳисоби муштариён суд гирифта  мешавад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ки  бо ҳадафи аз байн бурдани ин камбудӣ масъулини ин ниҳод бо моликони терминалҳои пардохти пули телефон   ҷаласа баргузор карда,  риоя намудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи масрафкунандагон  ба онон тавзеҳ дода шудааст.

Инчунин ниҳоди мазкур  мегуяд, ки дар робита ба ин масъала ба ширкатҳои мухобирти  мобилӣ  мактубҳои расмӣ ирсол гардида, аз онҳо тақозо шудааст, ки дар қарордодҳои хеш бо ширкатҳои хизматрасонии терминалҳо,  дар мавриди  қатъ намудани ситонидани суд  аз тавозуни муштариён  тағирот ворид кунанд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар фарҷом таъкид намудааст, ки феълан фоизситонӣ қатъ шуда ва масъалаи мазкур зери назорат қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки баъди ин  дастури Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон  аксари терминалҳои пардохти пули телефон кори хешро қатъ карда, дар натиҷа  муштариён  барои интиқоли пул ба ҳисоби  телефон дар шуъбаи ширкатҳои мобилӣ муддатҳои дароз навбатпойӣ мекунанд. 

Аз сӯи дигар моликони терминалҳои пардохтӣ мегуянд, ки  ҳамакнун онҳо маҷбур шудаанд корро қатъ  кунанд, зеро дигар нигаҳ доштани терминал барояш зиёновар  шудааст.

Ба гуфтаи Мирзо Раҳимов, мудири як ширкати хусусӣ муроҷиатҳои онҳо барои гирифтани ҳаққи хидмат на аз муштариён, балки аз ширкатҳои мобилӣ натиҷа надодааст ва барои ҳамин онҳо ночор шудаанд корро қатъ кунанд.

Гуфтанист то сар задани ин қазия дар саросари Тоҷикистон наздики 4 ҳазор терминал фаъол буд, ки  мардум аз онҳо барои пардохти пули телефон, хидмати шаҳрдорӣ  ва ҳамчунин ҷаримаҳо барои риоя накардани қоидаҳои роҳ истифода мекарданд.