Раҳмон аъзои ЭКО-ро ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фаро хонд
(last modified Wed, 01 Mar 2017 12:40:57 GMT )
Март 01, 2017 17:40 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон аъзои ЭКО-ро ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фаро хонд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сездаҳумин Нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО дар Исломободи Покистон, бар ҳамгароӣ ва ҳамкориҳои наздики ҳамаи аъзои ин созмон таъкид кард.

Ба иттилои Ирно, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ин нишаст, кишварҳои узви созмони ЭКО-ро ба ҳамгароии судманди бештар барои беҳбуди зиндагии шаҳрвандон ва пайдо кардани роҳҳои беҳтари ҳамкорӣ даъват кард .

Вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, вокуниши сареъ ба ҳаводиси пешбининашуда ва сармоягузорӣ дар бахши гардишгарии Тоҷикистон низ аз дигар мавориде буд, ки Эмомалӣ Раҳмон сарони ЭКО-ро ба он фаро хонд .

Раисҷумҳури Тоҷикистон бар аҳаммияти тарҳи КАСА-1000 низ таъкид карду гуфт: Ҳамоҳангии бунёди барномаи насби хутути интиқоли барқи фишори қавӣ, ки нахустин пули байни Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ арзёбӣ мешавад, сари вақтӣ аст .

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, Тоҷикистон аз ворид кардани Афғонистон ба ҷарёнҳои ҳамгароии минтақаӣ ҳимоят мекунад, зеро Афғонистон ба унвони ҳамсояи Тоҷикистон, дар чаҳорроҳи тиҷоратии муҳим миёни Осиёи Марказӣ, Авруосиё ва Ховари Миёна қарор дорад .