Оғози бозиҳои олимпии 2016 то соатҳои дигар
(last modified Fri, 05 Aug 2016 15:47:07 GMT )
Август 05, 2016 20:47 Asia/Dushanbe
  • Оғози бозиҳои олимпии 2016 то соатҳои дигар

Бузургтарин гирдиҳамоии варзишии ҷаҳон то соатҳои дигар дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия оғоз мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ бо сафкашии беш аз 10 ҳазор варзишкор аз 206 кишвари ҷаҳон, соати 3:30 дақиқаи бомдоди фардо ба вақти Теҳрон дар дар варзишгоҳи торихии Мороконои Бразилия баргузор хоҳад шуд.

Беш аз 3 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон аз тариқи телевизион тамошогари ин маросим хоҳанд буд.

Дабири кулли Созмони милал ва мақомоти варзишӣ ва сиёсии 45 кишвари дунё, аз ҷумла Эрон аз наздик назорагари ин маросим хоҳанд буд.

Машъали олимпӣ пас аз тай шудани 20 ҳазор километр дар 95 рӯз ва убур аз 83 шаҳр, дирӯз вориди маҳалли баргузории ин бозиҳо шуд.

Ин давра аз бозиҳои олимпӣ бо нигарониҳои амниятӣ ва эҳтимоли ҳамалоти террористӣ, паҳншавии вируси "зика"ва низ буҳрони допинг дар варзиши Русия ва ҳазфи пуртеъдоди варзишкорони ин кишвар ҳамроҳ шудааст.

Аз Тоҷикистон ҳафт варзишкор дар риштаҳои бокс, дзюудо, варзиши сабук ва шиноварӣ дар бозии олимпии ин давра ширкат доранд.

Аз Эрон ҳам 64 варзишкор дар 14 риштаи варзишӣ дар бозиҳои олимпии ин давра ширкат кардаанд ва дар маросими ифтитоҳияи парчамдорӣ корвони варзишкорони эронӣ бар ӯҳдаи Заҳро Неъматӣ, узви тими миллии тирандозӣ бо камони бонувони маълули Эрони хоҳад буд.

Дар давраи гузаштаи бозиҳои олимпии 2012-и Лондон, Эрон бо 4 медали тилло, 5 нуқра ва 3 бронз дар раддаи ҳафдаҳуми ҷаҳон қарор гирифт.