Март 02, 2017 20:55 Asia/Dushanbe

Покистон 500 миллион рупия, муодили 500 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, ин хабар имрӯз ва дар пайи дидори рӯзи гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҳошияи иҷлоси сарони ЭКО расонаӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин мизон кӯмаки Покистон барои рафъи паёмадҳои бориши барфи бесобиқа ва резиши тарма дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон дар як моҳи ахир ихтисос ёфтааст.

Радиои давлатии Покистон дар ҳамин замина эълом кард, Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар дидори рӯзи гузаштааш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод аз қурбонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тахриби роҳҳо ва зерсохтҳои ин кишвар бар асари резиши фаровони барф ва тарма ибрози таассуф кард.

Зимистони имсол беш аз 700 мавриди резиши тарма дар ҷодаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон сабт шудааст, ки дар ин ҳаводис дар маҷмӯъ 21 тан кушта ва се нафар нопадид шудаанд.

Раҳмон ва Навоз Шариф дирӯз дар Исломобод дар дидор бо якдигар дар бораи зарурати иҷро шудани тарҳи КАСА-1000, сармоягузории Покистон дар сохти корхонаҳои санъатӣ дар Тоҷикистон ва истифодаи Тоҷикистон аз долони транзитии Чин ва Покистон табодули назар карданд.

Дар ҳамин замина, ҳамкорамон Некварз бо Саъдии Юсуфӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карда ва назари ӯро дар бораи аҳамияти тавсеаи равобити Душанбе ва Исломобод пурсидааст, ки посухи ин коршиноси сиёсиро бо ҳам мешунавем:

 

Барчасп