Март 04, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар сохти хатти лулаи гази Чин аз хоки Тоҷикистон

Чин ва Туркманистон сохти хатти лулаи чаҳоруми интиқоли газ ба Чин аз хоки Узбакистон ва Тоҷикистонро ба таъвиқ андохтаанд.

Ба иттилои Риановости, мақомоти Ширкати миллии гази Узбакистони гуфтаанд, ки ба дархости Пекин ва Ишқобод сохт бахши узбакистонии хатти лулаи чаҳоруми интиқоли газ ба Чин аз хоки ин кишвар ва Тоҷикистон барои муддати номушаххасе ба таъвиқ афтодааст .

Бар асоси тавофуқи қаблӣ дар соли 2015, сохти хатти лулаи чаҳоруми интиқоли гази Осиёи Марказӣ ба Чин, ки аз Туркманистон оғоз шуда буд ва бо убур аз Узбакистон ва Тоҷикистон ба ғарби Чин мерасид, бояд то соли 2016 баҳрабардорӣ мешуд .

Раисҷумҳури Чин дар соли 2012 ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ваъда дода буд, ки барои сохти бахши тоҷикистонии ин хатти лула беш аз 3 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард .

Коршиносон яке аз иллатҳои таъвиқ дар сохти хатти лулаи чаҳоруми интиқоли гази Туркманистон ба Чин аз хоки Узбакистон ва Тоҷикистонро таъсири ногувори буҳрони молии ҷаҳонӣ бар иқтисоди Пекин унвон мекунанд .

Аз сӯи дигар 3 хатти лулаи интиқоли гази Туркманистон ба Чин ҳамакнун бо 50 дарсади зарфияташ кор мекунад ва иқтисоди ин кишвар то соли 2020 ниёзе ба воридоти гази изофӣ надорад .

 

Барчасп