Март 05, 2017 11:05 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли маводи ғизоӣ ба манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон тавассути чархболҳои артиши Русия

Фармондеҳи пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон, аз ирсоли маводи ғизоии мавриди ниёзи сокинони осебдида аз боришҳои барфи шадид ва фаромадани тарма, дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар тавассути чархболҳои ҳамлу нақли низомии Русия хабар дод.

Ба гузориши Спутник, фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи низомии 201 тобеъи ин ҳавза аст, аз ирсоли маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалияи сокинони навоҳии вилояти Бадахшон ва соири манотиқи кӯҳистонии шарқи Тоҷикистон, бо истифода аз чархболҳои ҳамлу нақли низомии Русия, мавсум ба Ми-8ТВ дар рӯзҳои наздик ба дархости мақомоти ҳукумати Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи полковник Ярослав Рошупкин, фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия, ин кумакҳо шомили орд, равған, биринҷ ва макарон мешавад, ки бо истифода аз чархболҳои ҳамлу нақли низомии Русия ба сокинон гирифтор дар муҳосираи барфу тарма дар манотиқи кӯҳистонии шарқи Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд. Қаблан воҳидҳои муҳандисии пойгоҳи низомии 201 артиши Русия, дар чанд минтақаи муҳим аз роҳи иртиботии марказ ва шимоли Тоҷикистон, ки бештарин мизони барфро дар пайи тарма ҷамъ карда буд, бо амалиёти инфиҷорӣ, муваффақ ба бозгушоии масирҳо шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, аз авохири моҳи январи гузашта, то 26 феврал дар масирҳои иртиботии марказ бо шимол ва марказ бо шарқи ин кишвар, беш аз 100 мавриди тармафароӣ сабт шуда, ки дар бархе аз манотиқ иртифои он ба 15 метр мерасид.