Март 06, 2017 20:32 Asia/Dushanbe

Тибқи натиҷаи назарсанҷии ахири пойгоҳи интернетии нашрияи Миллат дар бораи мизони маҳбубияти радиоҳои дохилӣ ва хориҷӣ байни мардуми Тоҷикистон, радиои тоҷикии Садои Хуросон рутбаи дуввумро байни ҳамаи радиоҳое, ки дар ин кишвар шунида мешаванд ва рутбаи нахустро байни радиоҳои хориҷӣ ба даст овард.

Ин мавзуъ баҳонае шуд, то хабарнигори мо дар мусоҳиба бо хонуми Адолати Мирзо, сардабири Миллат, арзёбии ӯро аз вазъияти куллии расона ва радио дар ҷаҳон ва Тоҷикистон ҷуё шавад ва назари ӯро дар бораи роҳҳои беҳтар шудани барномаҳои Садои Хуросон бипурсад .

Адолати Мирзо гуфт, мардум дар солҳои ахир радиоҳоро на ба сурати пайваста, аммо ба хусус аз тариқи интернет дунбол мекунанд .

Сардабири нашрияи Миллат радиои Садои Хуросонро яке аз маъруфтарин радиоҳо дар фазои иттилоотии Тоҷикистон донист, ки дар солҳои даҳаи 90 ва ҷанги дохилӣ, танҳо воситаи пайванди тоҷикони дур аз ватан буд .

Хонуми Мирзо барои беҳтар шудани барномаҳои радиои тоҷикии Садои Хуросон пешниҳод кард, хабарҳои дохилии Тоҷикистон, ахбори муҳоҷирон ва ниёзҳои насли ҷадид бештар мадди назар қарор гирад ва аз ҷумла дар бораи донишҳои навин ва донишгоҳҳои муътабари дунё барномаҳои бештару бо кайфияттаре сохта шавад .

Вай ҳамчунин робитаи Эрону Тоҷикистонро робитаи "гушту нохун" донист, ки ҳечгоҳ аз ҳам ҷудо намешаванд .

Хонуми Адолати Мирзо ибрози умедворӣ кард, равобити Эрону Тоҷикистон ҳарчи зудтар ба гармои собиқи худ бозгардад .