Ангуштнигорӣ аз довталабони вуруд ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14242-Ангуштнигорӣ_аз_довталабони_вуруд_ба_донишгоҳҳо_дар_Тоҷикистон
Мақомоти Маркази миллии воҳиди озмуни Тоҷикистон аз ҳатмӣ шудани ангуштнигорӣ барои довталабони вуруд ба донишгоҳҳои ин кишвар хабар додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 07, 2017 06:59 Asia/Dushanbe
  • Ангуштнигорӣ аз довталабони вуруд ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон

Мақомоти Маркази миллии воҳиди озмуни Тоҷикистон аз ҳатмӣ шудани ангуштнигорӣ барои довталабони вуруд ба донишгоҳҳои ин кишвар хабар додаанд.

Ба гузориши “Спутник”, иллати ин иқдом пешгирӣ аз тақаллуб ва шиносоии мавориди ҷойгузинии афроди дигар ба ҷойи довталабони вуруд ба донишгоҳҳо номида шудааст.

Абдулвосит Юлдошов, муовини Маркази миллии воҳиди озмуни Тоҷикистон гуфтааст, ки соли гузашта ду мавриди ширкати афроди дигар ба ҷойи довталабони озмуни вурудии донишгоҳҳо дар давраи каршиносии аршад ифшо шуда буд, ки бо ташхиси бамавқеи кормандони ин марказ, ин афрод шиносоӣ шуданду аз ҳузури онон дар озмун ҷилавгирӣ шуд.

Ба гуфтаи вай, дар 29 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марокизи вижае барои сабти номи довталабони вуруд ба донишгоҳҳо таъсис шудааст.

Имсол донишомӯхтагони мактабҳои Тоҷикистон барои вуруд ба 34 донишгоҳ ва 47 омӯзишгоҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом кардааст, ки имсол беш аз 100 ҳазор нафар аз мактабҳои ин кишвар фориғуттаҳсил мешаванд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 85 ҳазор нафар барои вуруд ба донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои ин кишвар сабти ном карданд, ки 78 ҳазор нафар дар озмуни вурудӣ ширкат ва 50 ҳазору 687 нафар дар ин озмун пазируфта шуданд.