Март 07, 2017 15:52 Asia/Dushanbe
  • Душанбе ва Созмони Милал дар масири густариши ҳамкориҳо

Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Пратибҳа Меҳтаро, ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи доими барномаи рушди ин созмон дар шаҳри Душанбе дидор кард.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин дидор дар бораи мавзӯоти марбут ба ҳамкории байни Душанбе ва Барномаи рушди СММ, татбиқи тарҳҳову барномаҳои кӯмакии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин кӯмак ба иҷрои аҳдофи ин кишвар дар чорчӯби Стратегияи миллии рушду тавсеаи пойдор баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамзамон ду тараф бо ишора ба биступанҷумин солгарди узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар бораи баргузории маросими муштарак ба муносибати ин рӯз ба тавофуқ расиданд.

 

Барчасп