Август 06, 2016 12:21 Asia/Dushanbe

Мудири нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" иддаои мақомоти Ширкати давлатии барқи тоҷикро дар бораи тавофуқ барои пардохти қарзи ин ширкат рад кард.

Нерӯгоҳи барқи обии "Сантӯда-1" дар сойти расмии худ эълом кард, тайи ҳафт моҳи аввали имсол ин нерӯгоҳ ба Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" беш аз як миллиарду 200 миллион киловатт соат барқ ба маблағи 249 миллион сомонӣ фурӯхта, ки танҳо 128 миллион сомонӣ аз ин маблағ пардохт шудааст. "Сангтӯда-1" ҳамчунин иддаои чанд рӯз қабли Мирзо Исмоилзода, раиси Ширкати давлатии "Барқи тоҷик"-ро, ки гуфта буд, ин ширкат бо нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" барои пардохти қарзи худ то соли 2025 ба тавофуқ расидаанд, рад кард.Қарзи Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" аз оғози имсол 120 миллион сомонӣ афзоиш ёфта ва ба беш аз 626 миллион сомонӣ расидааст. Маҷмӯи қарзҳои Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" низ 12 миллиард сомонӣ (ҳудуди 1,5 миллиард доллар) эълом шудааст.

 

Барчасп