Ҳамкории шаҳри Душанбе ва Боулдери Амрико афзоиш меёбад
(last modified Wed, 08 Mar 2017 08:06:46 GMT )
Март 08, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории шаҳри Душанбе ва Боулдери Амрико афзоиш меёбад

Рустами Эмомалӣ шаҳрдори шаҳри Душанбе ва Элизабет Миллард-сафири Амрико дар Тоҷикистон, дар нишасти муштарак бар тавсеаи ҳамкориҳо байни ду шаҳри бародархондаи Душанбе ва Боулдери таъкид карданд.

Ба гузориши сойти шаҳрдории Душанбе, Элизабет Миллард дар дидор бо Рустами Эмомалӣ ҳамкории мутақобили судманд, байни Боулдер ва Душанберо хостор шуд.

Дар ин нишаст ду тараф ҳамчунин бо ишора ба бародархондагии шаҳри Душанбе бо Боулдер дар Амрико, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ин масир, эълом карданд.

Бояд гуфт, пойтахти Тоҷикистон ҳамакнун бо понздаҳ шаҳри дар ҷаҳон равобити бародаршаҳрӣ дорад.