Боздошти 3 бародар дар Русия ба иттиҳоми узвият дар “Гурӯҳи 24”
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14362-Боздошти_3_бародар_дар_Русия_ба_иттиҳоми_узвият_дар_Гурӯҳи_24
Кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ), 3 бародар аз як хонавода аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ба дархости мақомоти қазоии тоҷик дар шаҳр Санкт-Петербург, боздошт кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 09, 2017 06:41 Asia/Dushanbe
  • Фирӯз, Фурқат ва Абдураҳим Юсуфов
    Фирӯз, Фурқат ва Абдураҳим Юсуфов

Кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ), 3 бародар аз як хонавода аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ба дархости мақомоти қазоии тоҷик дар шаҳр Санкт-Петербург, боздошт кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин 3 бародар аз сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба номҳои Фирӯз, Фурқат ва Абдураҳим Юсуфов ба иттиҳоми узвият дар “Гурӯҳи 24” ва интишори наворҳои видеоӣ, алайҳи ҳукумати Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Сулаймон Давлатов, як намояндаи "Гурӯҳи 24” рӯзи 8 март ба сомонаи "Ахбор” гуфт: “Ин се бародар дар соли 2014 дар Интернет видеоеро нашр карда, дар он аз сиёсати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон интиқод карда буданд. Ҳоло онҳоро дар боздоштгоҳи воқеъ дар шаҳраки Красное селои вилояти Ленинград нигоҳ медоранд. Додгоҳи Русия алакай ҳукми аз ин кишвар берун кардани ҳарсеи онҳоро баровардааст, вале мо барои ҳимояташон адвокат гирифтем.”

Пас аз он ки дар соли 2014, “Гурӯҳи 24” аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки ба нишони эътироз ба сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба хиёбонҳо биёянд, Додгоҳи олии ин кишвар фаъолияти ин созмонро ба унвони ифротӣ ва террористӣ мамнӯъ ва аз он замон, то ба ҳол даҳҳо нафар аз аъзои ин гурӯҳ боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Умаралӣ Қувватов- раҳбари “Гурӯҳи 24” шаби 5 марти соли 2016, дар пайи як суиқасд дар Истамбули Туркия кушта шуд.