Март 09, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадсаид Убайдуллоев - шаҳрдори собиқи Душанбе
    Муҳаммадсаид Убайдуллоев - шаҳрдори собиқи Душанбе

Кормандони Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, дар чорчӯби дастури раисиҷумҳури ин кишвар, бораи харҷи пулҳои буҷа барои сохтмон ва чанд бино дар пойтахт, шаҳрдори собиқи Душанбе аз Муҳаммадсаид Убайдуллоев бозҷӯӣ кардаанд.

Ба гузориши сойти ТоҷИнфо, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе дар ин бозҷӯӣ ба пурсишҳое дар мавриди наҳваи ҳазинаи молии сохти манзил ва бархе аз таъсисоти муҳим дар даврони масъулияташ бар пойтахти Тоҷикистон посух додааст.

Манобеи наздик ба Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин бозҷӯӣ пурсишҳое дар бораи ҳазинаи манобеи молии буҷаи давлатӣ дар сохти манозили масукунии мавсум ба “Манзили дастрас”, “Душанбе-Плаза” ва маркази дармонии “Истиқлол” матраҳ шуда, ки Убайдуллоев ба ин саволҳо посух додааст.

Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл аз Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар хост, ки мавзӯъ иихтилоси молии беш аз 100 миллион сомонӣ дар даврони шаҳрдори собиқи Душанберо мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷадиди Душанбе, хостори расидагӣ бар шакоёти шаҳрвандон аз ихтилоси молӣ, дар замони раёсати Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар пойтахти ин кишвар шуда буд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон 12-уми январ, Муҳаммадсаид Убайдуллоев-шаҳрдори Душанберо аз мақомаш барканор ва Рустами Эмомалӣ писари бузургашро ба унвони раиси ҷадиди пойтахти ин кишвар, таъйин кард.

Муҳаммадсаид Убайдуллоеви 65 сола, дар 21 соли ахир шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон буд.