Ҷамшед Ёров ба Полша паноҳанда шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14378-Ҷамшед_Ёров_ба_Полша_паноҳанда_шуд
Бархе манобеъ аз паноҳанда шудани вакили мудофеи Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, ба Полша хабар додаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 09, 2017 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ҷамшед Ёров ба Полша паноҳанда шуд

Бархе манобеъ аз паноҳанда шудани вакили мудофеи Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, ба Полша хабар додаанд.

Ба гузориши сойти Ахбор, Ҷамшед Ёров моҳи августи 2016 ба иттиҳоми ифшои ҳукми раҳбарони ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, боздошт ва пас аз як моҳ бар асоси қонуни афв, ​озод шуд.

 Бар асоси ин гузориш, Шабнам Худойдодова, вакили мудофеъ, ки ба Полша паноҳанда шудааст, паноҳанда шудани Ҷамшед Ёровро ба ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, таъйид кард.

Ба гуфтаи Шабнам Худойдодова, Ҷамшед Ёров моҳи январи 2017, вориди Полша шуд ва ҳоло дар яке аз урдугоҳҳои паноҳҷӯён ба сар мебарад.

Ҷамшед Ёров ҳанӯз мақоми расмии паноҳандагии сиёсӣ нагирифта, масъала ӯ бояд дар муддати шаш моҳ ҳал шавад.

Ҷамшед Ёров монанди бародараш аз ҷумлаи вакилони мудофеъе буд, ки ба ҳимоят аз аъзои боздошт шудаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пардохт.

Вай ҳимояти Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҳизби мамнуӣ наҳзати исломии Тоҷикистонро ба дӯш гирифта буд.

Дар моҳи январи имсол, ҳомиёни ҳуқуқ башар хабар доданд, ки Муаззама Қодирова-вакили мудофеъи Бузургмеҳр Ёров низ Тоҷикистонро тарк карда ва аз як кишвари аврупоӣ паноҳандагӣ хостааст.

Муаззама Қодирова гуфтааст, ки дар Тоҷикистон ба далели ҳимоят аз Бузургмеҳр Ёров, алайҳи ӯ, се парванда боз шуда буд.