Март 12, 2017 09:49 Asia/Dushanbe
  • Даврони душвори рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон

Рӯзноманигорони мустақили Тоҷикистон ду соли ахирро душвортарин даврони фаъолияти хеш дар ин кишвар, аз солҳои 2000-ум арзёбӣ мекунанд.

Ба гузориши сойти Спутник, ба муносибати рӯзи 11-уми март-рӯзи матбуоти Тоҷикистон, дастандаркорони нашрияҳои мустақил дар ин кишвар, ду соли ахирро душвортарин даврони фаъолияти хеш тайи ду даҳа, унвон мекунанд.

Зеро танҳо дар соли 2016 беш аз 15 рӯзноманигор бар асари фишорҳои сиёсӣ, маҷбӯр ба тарки Тоҷикистон шудаанд. Ҳамчунин дар ин сол фаъолияти 5 рӯзнома ва ҳафтанома, аз ҷумла нашрияи мустақили “Нигоҳ” дар ин кишвар мутаваққиф шуд. Ба таври ҳамзамон теъдоде аз сайтҳои хабарии нашрияҳо ва хабаргузориҳои дохилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар, масдуд мебошанд.

Бар асоси гузориши созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз”, Тоҷикистон дар соли 2016, аз нигоҳи озодии матбуот бо 34 зина суқут дар муқоиса бо соли қабл, дар ҷойгоҳи 150 қарор гирифтааст. 

Аммо Сайфуллоҳ Сафаров- муовини раиси пажуҳшгоҳи роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муътақид аст, ки дар ин кишвар, ки дар давраи гузар қарор дорад, вуҷуди фазои бештари озодии баён, музир мебошад. Коршиносони масоили сиёсӣ мегӯянд, ки пас аз ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015, дар пайи ошӯби генерал Абдулҳалим Назарзода-муовини вақти вазири дифои ин ҷумҳурӣ ва мамнуъ шудани фаъолияти ҳизби наҳзати исломии ин кишвар, фишор бар рӯзноманигорон ва расонаҳои хабарии мустақил ташдид шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз рӯзи 11 март, ба муносибати интишори нахустин нашрияи форсизабон мавсум ба “Бухорои Шариф”, дар қаламрави иморати Бухорои вақт ба унвони рӯзи матбуот, таҷлил ба амал меояд.