800 ҷойи кори доимӣ барои сокинони ноҳияи Ёвон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i1450-800_ҷойи_кори_доимӣ_барои_сокинони_ноҳияи_Ёвон
Ба кор дар омадани якчанд корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон боиси кам шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 06, 2016 17:56 Asia/Dushanbe
  • 800 ҷойи кори доимӣ барои сокинони ноҳияи Ёвон

Ба кор дар омадани якчанд корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон боиси кам шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар шудааст.

Амирбеки Темур, раиси ноҳияи Ёвон гуфт,  то нимсола беш аз 800 ҷойи кори доимӣ барои сокинони ноҳия муҳаё шудааст. 

Қобили зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон чор корхона: корхонаи истеҳсолии гаҷкардон , корхонаи коркарди пахта, коргоҳи рангу бори ришта  ва дар ҷамоати шаҳраки «Ҳаётинав» корхонаи ордбарорӣ ба кор шурӯъ кардаанд.

Инак, то ахири сол ба кор даромадани корхонаи истеҳсоли семент боиқтидори  1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол, барои 800 ҷои корӣ, фабрика барои истеҳсоли либосҳои бачагона, барои 200 ҷоикорӣ дар назараст. 

Чуноне, ки дар маълумотномаи ба журналистон пешниҳоднамудаи ҳукумати ноҳияи Ёвоно мадааст, дар арафаи 25 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдудӣ «Криолит»  ба кор медарояд.

Хотирасон мешавем, дар сурати ба кордаромадани корхонаи Криолит, ки дар он истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна фториди алюмин, 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат ва 75 ҳазор тонна гачи сохтмонӣ дар назараст,  теъдоди зиёди одамон соҳиби ҷои кори доимӣ мешаванд.

Дар ҳоле, ки то нимсола рафтани қувваи қобили меҳнат аз ноҳияи Ёвон ба хориҷи кишвар дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  яку ним ҳазор кам шудааст,масъулин ба он назаранд, ки дар соли 2017вазъи таъмини аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ бештару хубтар мешавад.

Чуноне, ки зимни суолу ҷавобҳо бо рӯзноманигорон баромад, фабрикаи мурғпарварии ноҳияиЁвон, ки ба истеҳсоли гӯшти мурғма шғуласт дар фурӯши маҳсулоташ душвори доштааст. Масъулин мегӯянд, ки агар содироти гӯшти мурғ аз хориҷи кишвар баста шавад, корхона наметавонад пурра ҷумҳуриро бо гӯшти парҳезӣ таъмин намояд.

 Дар ҳоле, ки воридот  аз хориҷи кишвар идома дорад, нархҳои арзони маҳсулоти хориҷӣ имкони фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватаниро коҳиш додааст. Аз ин лиҳоз онҳо аз ҳукумати ноҳия дар хости ҷудо намудани 200 гектар заминро барои истеҳсоли ғизои паррандаро доштаанд, то ки вазъияти ба амаломадаро паси сарнамоянд.

Қобилизикраст, ки буҷаи ноҳияи Ёвон дар нимсола 50,7 миллион сомониро ташкил додааст.

Коршиносон мегуянд, ки буҷаи ноҳияи Ёвон қисман барои пурра намудани буҷаи ҷумҳурӣ ва қисман барои комил сохтани буҷаи вилоят сафар бармешавад.

Ин аст, ки бештари корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо маблағгузории сармоягузорон анҷом шудааст.