Март 13, 2017 14:07 Asia/Dushanbe
  • Садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат бо 8 кушта
    Садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат бо 8 кушта

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар садамаи пурқурбонии рӯзи 11 март дар қабристони ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат 7 нафар ҷон бохта, 17 тани дигар захмӣ шудаанд, аммо иддае аз сокинон аз марги 8 нафар хабар медиҳанд.

Ба иттилои сайти Ахбор, дар гузориши нашршуда дар сомонаи вазорат гуфта мешавад, "11-уми марти соли 2017, тахминан соати 14:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "ЗИЛ-130”, марди 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, пас аз маросими дафн, ҳангоми бозгашт аз қабристони ҷамоати деҳоти Баҳор дар ҳудуди қабристони мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.”

Дар натиҷа, бино ба гузориши вазорати дохила, 6 мусофир – "мардҳои 35, 32, 57-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 22-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, 19 нафар мусофирони дигари автомашинаи мазкур: сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштанд. Пас аз чанд муддат, як нафар ҷабрдида, дар беморхона ба ҳалокат расид.”

Вазорати дохила мегӯяд, тафтиши ин садамаи пурқурбонӣ идома дорад.

Табибони бемористони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, дастикам ду тани дигар аз захмиён дар вазъи сангин қарор доранд. Се ҷавони дигарро барои табобат ба бемористонҳои Душанбе бурдаанд. Дуи онҳо дар "Шаҳраки тиббӣ” ва якеи дигар дар бемористони Қарияи Боло будаанд. Ба гуфтаи як табиб, ба ду ҷавоне, ки ба "Шаҳраки тиббӣ” бурда шуданд, хатари буридани дастҳояшон таҳдид мекунад.

 

Барчасп