Афзоиши қимати барқ барои бархе аз муштариёни ширкати “Барқи Тоҷик”
(last modified Mon, 13 Mar 2017 16:55:07 GMT )
Март 13, 2017 21:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати барқ барои бархе аз муштариёни ширкати “Барқи Тоҷик”

Давлати Тоҷикистон бо судури қароре қимати неруи барқ барои бархе аз муштариёни ширкати “Барқи Тоҷик”-ро афзоиш додааст.

Тибқи ин қарори ҲТ,  нархи нерӯи барқ барои  корхонаҳои буҷавӣ, хадамоти шаҳрдорӣ ва  иншооти варзишӣ  аз 14,20 дирами қаблӣ то ба 14,65 дирам боло бурда шудааст.  Инчунин  қимати нерӯи барқ барои нақлиёти мусофирбари барқӣ низ аз 9,55 дирами қаблӣ то ба 14,65 дирам афзоиш ётфааст.

Аммо тибқи ин қарор  аз ҳама бештар  қимати неруи барқ барои пойгоҳҳои обрасонии воҳидҳои кишоварӣ зиёд карда шудааст.

Бад ин тартиб нархи барқ барои пойгоҳҳои обрасонии Оҷонсии беҳдошти замин аз 2,55 дирами қаблӣ то ба 5,1 дирам афзоиш меёбад. Қимати таъиншуда  барои пойгоҳҳои обрасонӣ  ба фасли гамро яъне аз 1-уми апрел то 30-уми сентябр  дахл дошта, дар моҳҳои боқимонда воҳидҳои кишварзӣ ба мисли аҳолӣ 14,65 дирам пардохт хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки масъулони ширктаи Барқи Тоҷик дар охирин нишасти матбуотии хеш таъкид карданд, ки агентии беҳдошти замин, воҳидҳои кишварзӣ ва ниҳодҳои буҷавӣ аз ҷумлаи бидеҳкорони  умда дар назди ин ширкат   маҳсуб мешаванд.  Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар замина чунин гуфта буд.

Дар баробари ин болоравии қиммати нерӯи барқ ба ширкати тавлиди алюминиюм “Талко” дахл накардааст.  Ширкати “Талко” мисли пешин нерӯи барқро аз 1-уми май то 30-уми сентябр бо қиммати 7,20 дирам ва дар моҳҳои боқимондаи сол бо нархи 11,80 дирам дарёфт  мекунад.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи  Ширкати “Барқи Тоҷик”  танҳо дар соли 2016  қарзи муштариён аз ин ҳисоби истифодаи барқ ва гармӣ 206,5 млн.сомониро ташкил дода, дар маҷмуъ бидеҳкории муштаринён дар назди ин ширкат  ба 1 млрд. 577,7 млн.сомонӣ баробар шудааст.  

Аз ҷумла ба гуфтаи ин манба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ наздики 83 млн.сомонӣ, воҳидҳои кишоварзӣ ҳудуди 105 млн.сомонӣ, корхонаи  «Обу корез» 25 млн.сомонӣ ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ  43,4 млн.сомонӣ аз ширктаи Барқи Тоҷик қарздор ҳастанд.

Аз сӯи дигар  афзоиши қимати  нерӯи барқ аз шартҳои асосии кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистон  аз суи СБМ дониста мешавад.

Аз ҷумла яке аз 13 шарти Бонки Осиёи Рушд  дар назди Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти 50 миллион доллар кумаки молӣ ҷиҳати ҳимоят аз буҷаи давлатӣ, афзоиши нархи барқ дониста мешавад.