Билети парвози Душанбе - Маскав гарон шуд
Бо оғози мавсими сафари муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ ба Русия қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-Эйр” гарон шудааст.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳамонанди солҳои қабл бо оғози сафари муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ ба Русия ба таври бесобиқа қимати билетро беш аз ду баробар афзоиш додаанд, ки ин мавзӯъ сабаб мешавад бисёре аз афроде, ки қасди сафар ба Русия доранд, роҳҳои заминиро тарҷеҳ диҳанд.
Дар ҳоле ки пеш аз ин қимати билети ҳавопаймоҳои “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-Эйр” дар масири Душанбе ба Маскав барои ҳар мусофир ҳазору 200 сомонӣ буд, ин рақам ҳамакнун ба се ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Холиқназар Ҷумъаев, коршиноси тоҷик бо интиқод аз ин иқдом гуфтааст, ки мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон дар пайи норизоятии мардум аз гаронии қимати билети ҳавопаймоҳо дар соли 2016 ваъда дода буданд, ки ин равандро сомон хоҳанд дод.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ аз гаронии қимати билети ҳавопаймо ба Русия ба шиддат интиқод кардаву аз масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хоста буд, ки барои коҳиши ин қиматҳо чораандешӣ кунанд.
Бо ин ҳол ин мушкил имсол низ идома ёфтаву муҷиби норизоятии муҳоҷирони корӣ шудааст.
Қимати билети ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ аз ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил гаронтар аст.